ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қодири Қосим, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро муъҷизавор хонда, афзудааст, ки ин омил дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама беш боиси хашму ғазаби мухолифин мегардад.
Ӯ зимни исботи рушди Тоҷикистон изҳор дошт, ки то соли 1991 ҳар 14-умин оила соҳиби мошин буд.
“Ҳоло ба ҳар панҷумин шаҳрванд як мошин рост меояд. Касе оила ё шаҳрванди бе телефони мобилиро нишон диҳад, мукофот хоҳам дод”, - таъкид кард вакил.
Ӯ бо нашри як матлаб дар “Ховар” илова намудааст, ки барои ташхиси томографӣ одамон фақат ба Маскав ва Тошканд мерафтанд. Ҳоло фақат дар шаҳри Душанбе 123 ташхисгоҳи муҷаҳҳази дар Осиёи Марказӣ беҳтарин кор мекунад, афзуд ӯ.
“Соли 1988 як мурдаро тавассути роҳи вилоятҳои Суғд, Ош ва шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ванҷ дар ду ҳафта расониданд. Ҳоло дар 5 соат аз Душанбе ба ноҳияҳои ВМКБ озод ба манзил мерасем”, - мисоли дигар овардааст Қодири Қосим.
Ӯ изҳор дошт, ки рӯзе шаҳри Душанберо давр зада, ҳисоб кард, ки то соли 1990 дар Душанбе 34 бинои баландошёна ва 1 меҳмонхонаи ситорадор мавҷуд буд. Танҳо солҳои охир садҳо бинои баландошёна ва 12 меҳмонхонаи 5 - ситорадор бунёд гардидааст, таъкид намуд ноиби раиси парлумон.