Дар бораи мактаб-интернати махсус барои кӯдакони ношунаво, ки дар он ба хонандагон рақс таълим дода мешавад, Sputnik Қирғизистон навори дидание нашр кардааст.
Ба гуфтаи хореограф Римма Черних, чунин кӯдакон мусиқиро бо дили худ мешунаванд.
Вай 16 сол боз аст, ки ба кӯдакони ношунаво ва сустшунаво рақс меомӯзад ва эътироф мекунад, ки ин кори осон нест.
Дар баробари ин, ӯ қайд мекунад, ки кӯдакон на танҳо ҳаракатҳои ӯро такрор мекунанд, балки ҳатто метавонанд нерӯ гиранд ва ларзишро ҳис кунанд.
"Баландгӯякҳоро ба замин мегузорам, ларзишҳо дар тамоми толор паҳн мешаванд ва кӯдакон ритмро эҳсос мекунанд. Мо ҳатто чунин "дискотека"-ҳо мегузаронем. Ба ғайр аз ларзишҳо, кӯдакон бо дили худ низ мешунаванд",- мегӯяд Римма Черних.
Барои тафсилоти бештар видеоро тамошо кунед.