ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ноиби раиси парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки табиат ва ба истилоҳ “анатомия”-и мухолифинро таҳқиқу таҳлил кард.
“Хоҳ дар ИМА, хоҳ дар Сингапур ва хоҳ дар кишвари афсонавии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷомеа шоҳу гадо, собиқ маҳбус, дузд, шахси азмансабрафта, ба мансаб нарасида ва аз сарвати бо роҳи дуздӣ бадастоварда маҳрумгардида мавҷуданд”, - навиштааст Қодири Қосим дар як матлабаш дар “Ховар”.
Ӯ дар идомаи таҳлили табиати мухолифин аз мансабдоре зикр кард, ки “Зинда бод Тоҷикистон!” мегуфт, аммо барои заминфурӯшӣ аз мансаб сабукдӯш гардид.
“Дар муддати 14 сол мақомоти гуногун, аз ҷумла мақоми судиро роҳнамоӣ мекарду амру дастур медод. Чун ба паси панҷараи маҳбас рафт, дод мезад, ки “куҷост адолати судӣ? Дар Тоҷикистон адолати судӣ нест!”, - изҳор дошт Қодири Қосим.
Ноиби раиси парлумон гарчанде номи мушаххасро нагирифтааст, зоҳиран Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро дар назар дорад, ки ахиран бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла заминфурӯшӣ ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон гардид. Худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро беадолатӣ хонда, маҳкумшуда аз пушти панҷараи зиндон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ нест.