ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Генерал Абдуррашид Дустум аз фармондеҳони машҳeри ҷиҳодии Афғонистон ба Толибон (гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳушдор дод, ки ба хушунату қатли оми мардум поён диҳанд.
Бино бар иттилои "Парс тудей", раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон, ки дар чаҳор даҳаи ҷанги ин кишвар аз ҷумла бо Шуравӣ ва Толибон таҷрибаи арзанда дорад хитоб ба Толибон гуфт: Ҳамла ба занон, кудакон, хабарнигорон ва кормандони расонаҳо, ки ҳеч гуна дифое аз худ надоранд, таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳо ва каромати инсонӣ аст .
Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд.
"Агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард ва ба яқин нерӯҳои тарафдори ӯ ин гурӯҳи ҷангталабро шикаст хоҳанд дод", - таъкид кард вай.
Дустум афзудааст, ки Афғонистон дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд тамоми гурӯҳҳо бо давлати Ашрафғанӣ муттаҳид шаванд, то манотиқи таҳти тасарруфи Толибонро озод кунанду оромишро ба зиндагии мардум боз гардонанд.
Раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз вуруд ба шаҳри Кобул мавриди истиқболи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷамъи зиёде аз шаҳрвандону чеҳраҳои сиёсӣ қарор гирифт.
Дустум қарор аст бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрӣ ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон низ дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.