ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, Аҳмадзода нахуст аз комендатураи мустақар дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ боздид намуда, бо шароити буду боши сарбозону афсарон шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро бо иди гузашта шодбош гуфта, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кардааст.
Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Меҳриҷон Ориповаи 90-сола ва маъюби гуруҳи якум Исмон Раҳмоновро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расондаст.
Манбаъ афзуд, ки раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони Минтақаи истироҳатӣ барои кӯдакону наврасони болаёқат дар деҳаи Ҷаҳонзеб, бинои нави боғчаи бачагонаи №10 дар деҳаи Лоҳутӣ, маркази савдо ва сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Ниёзбек, майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Ниёзбек шинос шудааст.
Аҳмадзода инчунин бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, гулгашти ба номи Камоли Хуҷандӣ ва таҷдиду навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо ва густариши корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Раиси Суғд таъкид кардааст, ки сокинони шаҳри Конибодом аҳлона меҳнат намуда, ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.