ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сафари ҳайъати бузурги парлумони Афғонистонро бо роҳбарии раиси он Мирраҳмон Раҳмонӣ тавзеҳ дод.
Бино бар иттилои ҷаноби Ағбар, интизор меравад ҳамин рӯз ҳайъати 34-нафараи парлумони кишвар вориди Тоҷикистон шаванд.
"Ин ҳайъат аз раиси парлумон ва аъзои комисияҳои мухталифи парлумон иборат аст", - таъкид кард сафир.
Вай афзуд, ки дар ҳошияи ин сафар мулоқотҳои гуногунҷанбаи мақомоти Тоҷикистон бо ин ҳайъат дар назар аст.
"Ман бовар дорам, ки ин мулоқотҳо боиси густариши равобити иқтисодӣ мешавад", -гуфт вай ва таъкид кард, ки дар натиҷа чанд мушкилоте ки садди роҳи ин ҳамкориҳо гаштаанд, ҳал хоҳанд шуд.
Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар тавзеҳ дод, ки мушкилоти мазкур дар қонунгузорӣ мавҷуд аст.
"Умедворам, ки дар қавонун як қатор мушкилоте ки мавҷуд аст, ҳал мекунем, то сармоягузориҳои хубе дар Тоҷикистон суръат бигирад", - таъкид кард сафир.
Ба гуфтаи Ағбар, феълан Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи иқтисодиву тиҷорӣ бештар аз 7 тавофуқномаву қарордод имзо кардааст.
Вай афзуд, ки феълан сарҳади ҳарду кишвар ҳам барои интиқоли коло ва ба рӯйи тоҷирон боз аст.