Фиреби тоҷик аз ҷониби ҳамватан дар Маскав: 20 мошинашро гирифтаст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фиреби як тоҷикистонӣ аз ҷониби ҳамватан дар шаҳри Маскав хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Бемаошӣ ё қаллобӣ: чаро корманди амнияти фурудгоҳи Душанбе худро паронд?
Мақомот мегӯянд, дастгиршуда соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 20 адад автомашинаро гирифтааст.
Марди муттаҳам ваъда додааст, ки бо мошоинҳои мазкур дар шаҳри Маскав “Таксӣ Парк” мекушояд.
ВУД мегӯяд, дар асл марди 48-сола мошинҳои гирифтаашро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба шахсони номаълум фурӯхтааст. Пули ба дастовардаро ба манфиати шахсияш истифода кардааст, тавзеҳ дод манбаъ.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон арзиши умумии мошинҳои гирифташударо 7 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.