Рӯзи ҷаҳонии хирси сафед бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили ин ҷонварон ва аҳамияти ҳифзи онҳо эълон карда шудааст.
Ҳадафи асосии ин иқдом, паҳнсозии иттилоъ дар бораи хирси сафед буда, созмонҳои гуногуни экологӣ дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни оммавию маърифатӣ мегузаронанд. Таъкид мешавад, ки ҳифзи хирси сафед бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи инсоният қарор гирад, чун ҳамагӣ ҳудуди 25 ҳазор сар аз ин ҷонвар боқӣ мондааст.
Хирси сафед ҷонвари азимҷусса мебошад, ки дарозияш то 3 метр ва вазнаш то ним тонна мерасад. Зери пашми сафедаш пӯсти сиёҳ ва дар таги он қабати ғафси чарбу ҷой гирифтааст. Қаблан низ сокинони минтақаҳои қутбӣ хирси сафедро шикор мекарданд, аммо на ба дараҷаи мушкилзо чунин ин ҷонварон асосан дар маконҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои инсон расидан ба он ҷо мушкил буд.
Аммо дар замони муосир қочоқчиён ҳар чӣ бештар ба шикори ин ҷонвар пардохтаанд, ки онро ба хатари нобудсозӣ дучор мекунад.
Пажуҳишгарон мегӯянд, агар инсоният барои ҳифзи хирси сафед чораандешӣ накунад, теъдоди ин ҳайвонот метавонанд то соли 2050 се баробар кам шавад.