Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҳангоми сафари худ ба Федератсияи Русия ба Владимир Путин раисҷумҳури он кишвар тӯҳфаи ғайриодӣ тақдим намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари расмӣ ба Русия омада буд, ба Владимир Путин тӯҳфа овард.
Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидорашонро ошкор кард.
Ҷабборов кишвардори Русияро ба Қирғизистон хонд
Ба гуфтаи ӯ, ба Русия дасти холӣ наомада, балки як тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро ҳамчун дастовез овард.
Ҷабборов изҳор дошт, шамшере, ки ба Владимир Путин ҳадя кард, устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода намуданд.
Илова бар ин, Ҷабборов ҳамтои русашро ба Қирғизистон хонд.
Яке аз мавзӯъҳои марказии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба пандемияи COVID-19 буд. Гуфта мешавад, Ҷабборов аз президенти Русия хоҳиш кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба барномаи эмгузаронии коронавирус дохил кунад.
Ҷабборов мегӯяд шахси иғвогар наметавонад мири Бишкек шавад
Путин қайд кард, ки Русия кӯмакро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба самаранокии ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳори умедворӣ кард, ки ин дору ба зудӣ барои эмгузаронии оммавӣ ба Қирғизистон хоҳад расид.
Ба таъкиди Ҷаборов, пандемияи коронавирусӣ нагузошт, ки Русия ва Қирғизистон 200 чорабинии муштаракро амалӣ кунанд.