40 дараҷа: гармии ғайримуқаррарӣ дар Аврупои Ғарбӣ - акс

Дақиқан пас аз чанд ҳафтаи сардиҳои шадид, ҳамакнун шаҳрвандони Олмон, Нидерланд ва Британияи Кабир ҳавои форами баҳориро нафас мекашанд
Sputnik
Мобайнҳои моҳи феврал сокинони Олмон лижаронӣ мекарданду аз барфи зиёд ҳаловат мебурданд. Ҳатто ин моҳ дар чанд соли ахир сардтарин моҳ арзёбӣ мешуд. Вале бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз барфҳо пурра об шуданд ва гӯё фасли баҳор дар охирин моҳи  зимистон фаро расид.
Дар аксар минтақаҳо гармии ҳаво якбора то 15 дараҷа гарм шуд.
Бӯи баҳор: Душанбе дар иҳотаи гулҳои зебо - акс
Дар Олмон ҳарчанд баҳор аз 20 - ми март оғоз меёбад, аммо имсол ба тавре рекордӣ он авохири моҳи феврал фаро расид. Ҳавосанҷон изҳор доштанд, ки давоми як ҳафта зуд гарм шудани ҳаво дар ин кишвар бесобиқа аст.
Зеро як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 14 феврал дамои ҳаво дар Геттинген ва Саксония то 28 дараҷа сард буд, аммо рӯзи 21 - уми феврал ҳаво то 18 дараҷа гарм шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Олмон то 41 дараҷа тафсон шуд. Чунин гармшавии ҳаво ҳанӯз соли 1880 ба қайд гирифта шуда буд.
Мутаххасисон мегӯянд, бо чунин суръат гарм шудани ҳаво чандон хуб нест, зеро дарахтоне, ки ҳоло гул кардаанд, зуд пажмурда мешаванд.
1 / 11
Ҳатто моҳи февралро давоми чандин солҳои ахир сардтарин моҳ арзёбӣ карданд
2 / 11
Вале чанде баъд барф зуд об шуд ва гӯё фасли баҳор дар моҳи охири зимистон фаро расид
3 / 11
Дар аксар минтақаҳо гармии ҳаво якбора то 15 дараҷа гамр шуд
4 / 11
Дар Олмон ҳарчанд баҳор аз 20 - ми март оғоз меёбад, аммо имсол ба тавре рекордӣ он авохири моҳи феврал фаро расид
5 / 11
Ҳавосанҷон изҳор доштанд, ки давоми як ҳафта зуд гарм шудани ҳаво дар ин кишвар бесобиқа аст
6 / 11
Зеро як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 14 феврал дамои ҳаво дар Геттинген ва Саксония то 28 дараҷа сард буд, аммо рӯзи 21 - уми феврал ҳаво то 18 дараҷа гамр шуд
7 / 11
Ба ҳамин минвол, ҳафтаи ҷорӣ ҳавои Олмон то 41 дараҷа тафсон шуд. Чунин гармшавии ҳаво ҳанӯз соли 1880 бақайд гирифта шуда буд
8 / 11
Дар ин ҷо ҳеҷ гоҳ ҳарорат дар зимистон аз 20 дараҷа боло набуд
9 / 11
Барои сокинони Бритониё ҳафтаи охирини моҳи феврал аз ибтидои сол гармтарин буд
10 / 11
Дар Британияи Кабир ҳарорат тақрибан 13 дараҷа гарм аст
11 / 11
Дар Сантон Даун Хэм дар Суффолк 18,4 дараҷа гамрӣ сабт карда шуд, ки солҳои пеш ҳатто моҳи май чунин гармӣ ба қайд гирифта нашудааст