Аризаи сокинони Ҷайҳун ба милиса дар бораи ҳолатҳои дуздӣ: як ҷавон дастгир шуд - акс

Ӯ шабона ва пинҳонӣ ба манзили сокинон ворид шудаву аз он ҷо пул, ашёҳои рӯзгор ва телефонҳои мобилиро дуздидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар бораи боздошти ҷавоне, ки дар панҷ ҳолати дуздӣ гумонбар мешавад, Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Арестованный за воровство
Бино бар иттилои манбаъ, Низомов Сиҷоҳиддини 22-сола дар пайи аризаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун ба Шуъбаи ВКД дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, номбурда шабона бо тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи мазкур гашта, аз онҷо пул, дучархаҳо, телефонҳои мобилӣ ва телевизорҳои шаҳрвандонро ба яғмо бурда, ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидааст.
"Низомов С. дар 5 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршуда Низомов Сиҷоҳиддин дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст. Тафтишот идома дорад.