ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Соҳибкорони деҳоти Регар ба сокини шаҳри Турсунзода манзили сеҳуҷрагӣ тақдим намуданд, хабар медиҳад Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода.
Ба иттилои манбаъ, соҳиби манзили нав искандар Ҳасанов мебошад, ки маъюби гурӯҳи 2 - юм мебошад.
Манбаъ меафзояд, иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои кишардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Гуфта мешавад, Ҳасанов бо ҷамъи хонаводаи худ ба раисҷумҳур ва соҳибкорони сахӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.
Чанде пеш, соҳибкор ва роҳбари "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба як модари тоҷик, ки соҳиби 5 фарзанд аст, дар шаҳри Душанбе хона тақдим намуд.
Хонаи тӯҳфакардаи Муродов ба модари серфарзанд бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор, хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст.