ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Бино ба маълумоте, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар қиёс ба соли 2019, сатҳи даромади Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соли гузашта 122 милиону 848 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Соли 2019 ин корхонаи вилояти Суғд ба андозаи 81 миллиону 660 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварда буд.
Юсуф Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд иброз намуд, ки ба дунболи коҳиш ёфтани сатҳи даромад ҳаҷми хароҷот ҳам дар ин давра ба маблағи 34 милиону 819 ҳазор сомонӣ кам гардид.
“Фурудгоҳ натиҷаҳои молиявии худро дар соли 2020 ба маблағи 6 милиону 368 ҳазор сомонӣ зарар ҷамбаст намудааст”, гуфт Маюсуфов.
Масъулин дар нишасти матбуотӣ иброз намуданд, ки соли 2020, аз 2592 адад ҷамъи хатсайрҳои банақшагирифташуда, танҳо 619 парвоз сурат гирифта, бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19, 1979 парвози ҳавопаймоӣ иҷро нашудааст.
Фурудгоҳи Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 152 621 мусофир хизмат расонидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 77 % коҳиш ёфтааст.
“Соли гузашта 94 ҳазору 528 мусофир гусел карда шуда ва ҳамагӣ 58 ҳазору 93 мусофир қабул карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2019, 510 ҳазору 814 мусофир кам гуфта мешавад”, гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ширкати ватании “Somon Air” ва ширкатҳои байналмиллалии “Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Рус Аэро”, “Tianjin Airnines” ва “Bon Air Havacilik” анҷом дода шудааст.
Роҳбарони Фурудгоҳи Хуҷанд ҳамчунин гуфтанд, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми кору хизматрасонӣ, шурӯъ аз моҳи марти соли 2020, 70 % ё ҳудуди 600 нафар аз 824 кормандро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.
Айни ҳол маблағи қарзи музди меҳнати кормандони ин корхона ба 350 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон низ гуфта буд, солҳои қаблӣ бо фурудгоҳҳо мушкил дар андозсупорӣ надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 миллион сомонӣ қарздор шудааст.
Масъулин таъкид меварзанд, ки Фурудгоҳи Хуҷанд барои қабул ва гусели парвозҳои байналмилалӣ омода аст.