ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ, як зани 43-солаи пойтахт дар тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 62-солаи маҳаллӣ дар бораи тамаъҷӯии зан муроҷиат кардааст.
Ин мард гуфтааст, ки зани 43-сола бо мақсади тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадном кардан дар чор ҳолат аз ӯ 6,9 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад, хабар медиҳад мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.