Раиси шаҳри Норак вакил интихоб шуд: Асозода Дилшод кист?

Ахиран дар вилояти Хатлон интихобот вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакилони хориҷшуда интихоботи миёнадаврӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари амтбуоти мацомоти вилояти Хатлон, дар ин маъракаи сиёсӣ он Асозода Дилшод Алимурод ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид.
Раҳмон гуфт, дар интихобот ба ӯ аксарият занон овоз додаанд
“Дар ҳавзаҳои интихоботии №10 –оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда интихоботи миёнадаврӣ дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ баргузор гардид”, - таъкид доштааст манбаъ.
Асозода Дилшод 7 июли соли 1983 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст.  Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (рӯзона)  бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак буда,  донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки 11 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Асозода Дилшод ба ҷои Маликшо Неъматзода, ки ба вазифаи дигар гузашт, раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид.
Асозода Дилшод Алимурод солҳои 2005-2006 ҳамчун муҳосиби маркази инкишофи ҷамъияти “Парастор”-и шаҳри Норак кор кардааст.
Мақомоти Норак аз ҷавонон хост зирак бошан ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ науфтанд
Дар соли 2006 ҳамчун мутахассиси заминсозии гурўҳи худтаъминкунии “Барқ-Замин”-и шаҳри Норак ва солҳои 2006-2007 ба ҳайси сармутахассиси бахши ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият кардааст.
Ӯ солҳои 2007-2011 мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таъйин шуд ва соли 2011 дар вазифаи мутахассиси маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Норак кор кард.
Солҳои 2011–2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Норак оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ ва дар солҳои 2014-2020 муовини якуми раиси шаҳри Норак кору фаъолият кардааст.