Се рӯзи сардӣ ва барфу борон: ҳушдор аз тарма дар ВМКБ, сел дар Хатлон ва зарари боғу кишт

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон се рӯзи оянда дар ҷумҳурӣ сардӣ ва борону барфро пешгӯӣ намуда, аз тармаҳо дар ВМКБ ва навоҳии куҳӣ, селҳо дар Хатлон ва зарари хоҷагиҳою дарахтони мевадиҳанда ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, рӯзи 24-26 феврал дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад.
Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ: шарҳи IRS
Ҳавошиносон мегӯянд, 24 феврал борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад.
“Рӯзи 25 феврал дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф борида, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф меборад.  Ҳарорати рӯзонаи ҳаво рӯзи 25 феврал то 12-14 дараҷа паст мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносии мамлакат.
Манбаъ афзуд, бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳии кишвар эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст.
“Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст”, - таъкид кардаанд ҳавошиносон.
Ожонс илова намудааст, ки ҳамзамон дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.