ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки ба нияти кор ва пеш бурдани зиндагӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ пилорама харид ва оё аз ин дастгоҳ бояд закот супорад ё на.
Шӯрои уламо посух додааст, ки закот бояд аз даромаде, ки аз ин дастгоҳ ҳосил мешаваду ба андозаи нисоб расад, пардохт гардад.
“Дар асбобу таҷҳизоти касбу кор закот воҷиб намешавад, агар фоида ва даромаде, ки аз он ба даст меоред, ба миқдори нисоби закот, яъне 20 ҳазор сомонӣ баробар шавад ва як сол аз он гузарад, дар ин ҳолат пардохти закот лозим мешавад”, - изҳор дошт Шӯро.
Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки вақти додани закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст
"Адои закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст, яъне дар кадом моҳе моли шумо ба нисоб расад, аз ҳамон вақт вуҷуби закот шуруъ мешавад ва пас аз гузаштани як сол пардохти закот воҷиб мегардад. Масалан, агар дар моҳи март моли шумо ба нисоб расид, пас аз гузашти як соли қамарӣ бар шумо адои закот воҷиб мешавад", - тавзеҳ дода буд Шӯрои уламо.
Соли гузашта нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд. Ба иттилои Шӯрои уламо, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.