Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд ҳисоб кардаанд, ки барқ надоштан барои аҳолӣ гаронтар аз доштани барқи мутаносибан қиматтар мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Вазири энергетика мегӯяд, барои барқ ҳар тарофае, ки таъйин шавад, дар қиёс бо харидории маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, барои гармкунии хонаҳо, омодасозии хӯрок ва дигар хароҷот арзонтар меғалтад. 
“Дар ВМКБ дидем, ки ин фарқ 8 баробар аст. Яъне, агар мо хароҷоти худро дар ҳолати бебарқӣ ва мавҷудияти барқ  ҳисоб карда, муқоиса кунем, он 8 баробар гаронтар мебошад”, - изҳор доштааст Далер Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”. 
Ӯ таъкид намуд, ки  тарофаи барқ дар Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ татбиқ мешавад.
Далер Ҷумъа таъйинаш ба вазириро ғайричашмдошт хонд: ӯ гуфт, Президент чӣ мехоҳад
Далер Ҷумъа иттилоъ додааст, ки аз ҷониби Ҳукумат методологияи тарофа қабул карда шуд, ки тибқи он, ташаккулёбии тарофаҳо барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон муайян шудааст.
“Дар вақтҳои наздик дар доираи вазорату кумитаҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад, ки аз татбиқи методология натиҷагирӣ карда, сохтори тарофаҳои навро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар муайянсозии тарофаҳои нав ҳам афзалият ба манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ дода мешавад, аммо аз ҷониби дигар мувозинат бояд дуруст нигоҳ дошта шавад”, - изҳор дошт вазир.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки яъне, мо бояд барои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” шароитеро муҳайё созем, ки дар низоми энергетика фаъолияти дуруст карда тавонанд ва хизматрасониашон давомнок бошад.
Ба гуфтаи вазир, дар доираи ислоҳоти бахши энергетика бояд қадам ба қадам тарофаи барқ ба сатҳи хароҷоти истеҳсолӣ ва уҳдадориҳое, ки назди сармоягузорон дорем, бароварда мешуд.
“Вале, бо сабабҳои маълум, бахусус бинобар пандемияи COVID-19, мавқуф гузошта шуд. Ин ба вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” зарар расонда, як қатор мушкилотро пеш овард. Ин зарари молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунӣ мешавад”, - таъкид кардаст Ҷумъа.