Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих

Рӯзи бисту дуюми феврал Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят, дар Қирғизистон – Рӯзи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва дар Сент-Люсия- Рӯзи истиқлолият мебошад
Sputnik

Рӯзи 22 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1958 созишнома дар бораи ҷойгир кардани яроқи ракетавии Амрико дар ҳудуди Англия ба имзо расид.
Соли  2000 дар Украина ҳукми қатл бекор карда шуд.
Соли 1886 рӯзномаи "Таймс" аввалин маротиба сархати ахбори ашрофонаро нашр намуд.

Рӯзи 22 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд Созишнома дар бораи лоиҳаи минтақавии энергетикӣ оид ба сохтмони Хатти интиқоли барқи 220-киловатта аз НБО "Вахш" то Афғонистон (Шерхон-Бандар) ба имзо расид.
Афғонистон ба “Барқи тоҷик” пешпардохт карду хостори арзонии нарх шуд
Соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи хизмати давлатӣ" баррасӣ карда шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Ҳошимини Ветнам маросими қуръакашии даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "А" шомил гардида, ҳарифонаш дастаҳои Ветнам, Кувайт ва Ироқ муайян шуданд.
Соли 2015 бо иштироки Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33- юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9-ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи  Тоҷикистон ба истифода доданд.
Президент ба 23 марзбон хона дод
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон  ба Маркази таълимии "Пойтахт"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.
Соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 феврал

Рӯзи 22 феврал кӣ таваллуд шудааст

Марат Мамадшоев (1967)- журналист.
Ҳомид Аҳмадов (1932-2012)- доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Шариф Бақоев (1906-1941)- коргардони театр.
Марям Бозорбоева (1917-1997)- арбобзани давлатӣ, нависанда.
Дилдорбек Боронов (1936)- актёри театр.
Исмоил Назриев (1951)- сароянда.
Неъмат Аюб (1955-1994)- нависанда.
Адолат Раҳмонова (1947)- арбобзани ҳизбию давлатӣ.
Ҷумъабой Сангинов (1952)- доктори илми тиб, профессор.
Марк Серейский (1885-1957)- доктори илми тиб, профессор.
Сергей Строганов (1903-1986)- доктори илми биологӣ, профессор.
Ҳабибулло Табаров (1938)- арбоби давлатӣ.
Фотима Шарифова (1935)- арбобзани давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.