ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Гуруҳи ҳамкорони собиқ, аз ҷумла генерал - майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, собиқ раиси Кумитаи гумрук ва муовини вазири амният ва генерал – майори мустаъфӣ Эркин Муҳиддинов ногуфтаҳояшонро дар бораи Саидамир Зуҳуров баён доштаанд.
Дар матлабе, ки генералҳо дар ҳаммуалифӣ бо Ҷ. Мадаминов, полковники мустаъфӣ ва С. Қурбонов, рӯзноманигор таҳия кардаанд, бархе ҷузъиёти суҳбатҳои Зуҳуров бо зердастону худро ба дасти Баҳром, бародари Ризвон Садиров супурдани ӯ зикр шудаанд.
Генерал – полковник Саидамир Зуҳуров, ки 20 феврал, 70-солагияшро таҷлил кард, дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 ба вазифаи роҳбари мақомоти амнияти Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Ба навиштаи генералҳои мустаъфии амният, Зуҳуров баъди таъйинаш ба вазифаи роҳбари мақомоти амнияти миллӣ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе омада, ба ҳайати шахсӣ қотеъона гуфтааст, иншооллоҳ сулҳу суботро барқарор мекунем.
“Тоҷикистон шукуфон хоҳад шуд. Чунон ки мегӯянд, агар даст захмӣ набошад, шумо метавонед заҳрро ҳам бо он бардоред. Заҳр ба дасте, ки ҷароҳат надошта бошад, зарар намерасонад. Касе, ки бад накунад, бад намебинад. Фаромӯш накунед, ҳама сирри мавҷудият озод будан аз тарс аст. Натарс аз он ки ба сарат чӣ меояд, ояндаат аз ин тағйир намеёбад, аммо зиндагии ҳозираат ором мегузарад”, - изҳор доштааст Зуҳуров.
Ба навиштаи генералҳо, ки нашрияи “Садои мардум” чоп кардааст, баъди таъйини Саидамир Зуҳуров бисёр чекистони соҳибтаҷриба ва касбии банафақабаромада ихтиёран ба фаъолияти фаврӣ баргаштанду дар тарбияи ҷавонон саҳм гузоштанд, чун он вақт бисёри кормандон тарки мақомот карда буданд.
Ҳама зид буданд: чӣ гуна генерал Зуҳуров худро ба дасти Баҳром супурд?
Номи Саидамир Зуҳуров моҳи марти соли 1997, вақте ки Баҳром, бародари калонии фармондеҳи саҳроии собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик Ризвон Садиров, дар минтақаи Обигарм чаҳор рӯзноманигори рус, панҷ корманди намояндагии СММ ва ду корманди Салиби сурхи байналмилалиро гаравгон гирифт, вирди забонҳо шуда буд.
Баҳром талаби қатъӣ гузошт, то ки ба Ризвон ва ҳамдастонаш барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон убур намудан “долон” кушода шавад. Ба гуфтаи генералҳо, тақрибан ду ҳафта ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия, инчунин Аҳмадшоҳи Масъуд бо обрӯи бебаҳсаш натавонистанд, ки розигии Баҳромро барои озод кардани гаравгонҳо ҳосил кунанд.
Муаллифон мегӯянд, Баҳром дар талаб устувор буд, таҳдид мекард, ки асиронро ба қатл мерасонад.
Саидамир Зуҳуров он замон роҳбари мақомоти амнияти Тоҷикистон буд, баъди муддат андеша, чун роҳи дигар наёфт, тасмим гирифт, ки танҳо бо Баҳром ба музокирот биравад.
Генералҳои амният мегӯянд, қариб ҳама дар мақомоти амният зидди ин амали Саидамир Зуҳуров буданд, вале ӯ аз қавли мутафаккир ҷавоб додааст, ки дар ҳар ҷое ки зиндагӣ ҳаст, хатар низ ҳаст ва афзудааст, мо медонистем, вақте ки барои чекист шудан розигӣ додем, худро аллакай гирифтори хатар кардаем. Бо ҳамин, бидуни силоҳ, ба мулоқот шитофт ва ихтиёран худро гаравгон гузошт, ба шарте ки Баҳром гаравгонҳои дигарро раҳо кунад.
Генералҳо навиштаанд, ки пас аз якчанд рӯз Душанбе розӣ шуд, ки дар марзи давлатӣ “долон” бикушояд. Он замон роҳбарияти кишвар баҳри ҳифзи ҳаёти одамони комилан бегуноҳ ба ин кор розӣ шуд.
Генерал Зуҳуров ба зердастонаш гапи Марадонаро иқтибос овардааст
Муаллифон инчунин аз як ҷаласаи умумӣ Саидамир Зуҳуров ба ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амният зикр кардаанд, ки дар он гуфтааст:
“Боре иқтибосеро аз Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри ХХ аз рӯи эътирофи FIFA, хонда будам, ки “мураббиён ҳаргиз ба пирӯзӣ дастёб нахоҳанд шуд, хоҳ ман бошам, хоҳ дигаре. Ғолибони ҳақиқӣ танҳо бозингаронанд”. Пас, ба ҳар кору муваффақияте ҳамроҳ бо шумо, ҳамкасбонам, ноил шудаам. Хидматҳои маро муболиға накунед, дар ҳамаи ин хидматҳои шумо ҳам ҳаст”, - изҳор доштааст Зуҳуров.
Генералҳо инчунин зикр кардаанд, ки ҳар касе, ки бо Саидамир Зуҳуров кор ва муошират кардааст, аз ӯ ҳамчун шахси хоксор ном мебарад. Ин фурӯтании ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ сохтакорӣ ва намоишӣ нест, ин таҷаллии фитрати азалӣ ва табиати хоси инсонии ӯст, таъкид кардаанд онҳо.
Зикр шудааст, ки ҳашт фарзандро бо ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидааст.
Ба навиштаи ҳамкорон, Саидамир Зуҳуров ҷарроҳии мураккаби дилро гузаронида, ҳоло гаштугузор барояш андак душвор аст ва бештари вақтро дар хона сипарӣ мекунад. “Ин муъҷиза аст, муъҷизаи илоҳӣ, ки ман то ҳол зинда ҳастам”, - мегӯяд ӯ.
Генералҳои мустаъфӣ мегӯянд, бо вуҷуд Зуҳуров ҳозир ҳам агар касе чизе бипурсад, маслиҳатҳои муфид медиҳад.