Харобшавии қасру бошишгоҳҳои таърихӣ дар Украина - видео

Чаро мақомоти Украина барои барқарорсозии иншооти пурқимати таърихӣ шитоб намекунанд ва кӣ метавонад мероси фарҳангиро аз нобудшавӣ наҷот диҳад
Sputnik
Ҳавопаймоҳои бесарнишин даҳҳо ёдгории меъмории Украинаро ба навор гирифтанд, ки дар ҳоли хароб қарор доранд.
Чизе барои ситоиш нест: Козак дар бораи вохӯрии навбатии "формати нормандӣ" - видео
Дар ҷангалҳои минтақаи Винниса, маҷмааи қаср ва боғ аз даст рафта истодааст, ки бошишгоҳи оилавии граф Константин Ксидо буд. Ҳоло бинои таърихӣ ба мисли бисёр ёдгориҳои меъмории Украина дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Дар вилояти Лвов як калисои 500-сола, ки ба феҳристи мероси ЮНЕСКО шомил карда шудааст, дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад. Нобудшавӣ инчунин ба наққошие, ки дар калисо ҳифз шудааст, таҳдид мекунад.
Дар минтақаи Черкас як бошишгоҳи асри 18 дар ҳоли харобшавист, қасри графҳои Рееви асри 19 дар вилояти Ивано-Франковск низ беназорат партофта шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар Украина тақрибан 130 ҳазор иншооти мероси фарҳангӣ мавҷуданд, ки беш аз 8 ҳазор онҳо корҳои таъмиру барқароркуниро талаб мекунанд.
Аммо мақомоти Украина барои барқарорсозӣ шитоб намекунанд. Оё касе метавонад ҷойҳои таърихиро наҷот диҳад? Барои тафсилот видеои Sputnik - ро бубинед.