Дар Тошканд фарзандони бемори фавтида пизишконро шадидан кӯфтанд

Ин маротибаи нахуст набуда, қаблан низ Вазорати тандурустӣ ба зарурати таҳкими қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи кормандони соҳаи тиб даъват намуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Табибон, ки барои наҷот додани бемор ҷиддан талош менамуданд, ахиран бар асари лату кӯби шадид худ бистарии беморхона гардиданд.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ, ҳодисаи мазкур рӯзи 19 феврал дар ноҳияи Яшнобод рух дод.
Пизишкони ёрии таъҷилӣ пас аз дастрас кардани муроҷиат аз як сокини ноҳияи мазкур, зуд ба кӯмаки бемори 52 - сола шитофтанд.
Ҳамлаи гов ба корафтодагон дар беморхона - видео
Чун вазъи бемор вазнин буд, ӯро фавран ба беморхонаи шаҳрии клиникии рақами 4 интиқол доданд.
Пизишкони ташхиси ӯро гипертония, кризиси гипертония, омоси шуш ва ҳолати агоналӣ арзёбӣ карданд.
Зимнан, беморро фавран ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд, аммо ӯ аллакай дар ҳолати марги клиникӣ қарор дошт, чун набз ва нафаскашӣ дар бемор дида намешуд.
Табибон ҳарчанд кӯшиданд, ки то лаҳзаи охирин мардро наҷот диҳанд, вале бемор фавтид.
Вазорати беҳдошт мегӯяд, пас аз марги бемор, фарзандони ӯ табибонро ба ҳадде латукӯб намуданд, ки онҳо ба кӯмаки ҳамкорони худ ниёзманд шуданд.
Ҳоло ду табиб бо ҷароҳатҳо гуногун бистарии беморхона ҳастанд.
Дар робита ба ин ҳодиса, вазорат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои фарзандони бемори марҳум шикоят бурд.