ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Валиев Муҳиддин ном ҷодугар аз ноҳияи Восеъро кормандони пилиса барои мардумфиребӣ боздошт карданд.
Ба иттилои кормандони Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи мазкур, Муҳиддини 71 - сола қаблан низ аз ҷониби кормандони пулис боздошт ва ҷаримабандӣ мешуд.
Бо вуҷуди таҳдидҳои зиёд, ӯ ҳамоно бо кори ғайриқонунии худ идома медодааст.
Манбаъ меафзояд, Валиев ягон дониши динӣ ва ҷамъиятӣ надорад. Илова бар ин, туморе, ки барои муштариёни худ менависад, ҳатто онро равон хондан ҳам наметавонад ва умуан ба маънои он сарфаҳм намеравад.
Вале барои фиреби мардум мизи кории ин ҷодугар пур аз ашёҳои карахт, аз қабили шамъу собун, теғу гӯгирд, пиёзу сирпиёз, чойи қоқ ва чандин китобу дафтарҳо буд.
Аснои бозпурсӣ, аз Валиев кормандони ҳифзи ҳуқуқ суол намуданд, ки оё хондани китобҳое, ки дар рӯи мизи кории худ қарор доранд, метавонад, вале ӯ ҳиҷолатомез посухи рад дод.
Валиев изҳор доштааст, ки тавассути ашёҳои карахт ӯ ба корафтодаҳо кушоиши кор, дамгарӣ ва фолбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ин навбат низ нисбати Валиев Муҳиддин дар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протаколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ барои пардохт кардани ҷарима муваззаф шуд.