Олимон ҷаҳонро боз бо вируси Нипаҳ метарсонанд: аз коронавирус гӯё мудҳиштар аст

Вируси марговари Нипаҳ метавонад барои инсоният чолиши нав шавад, дар муқоиса бо он, коронавирус қариб ҳеҷ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба ҷои коронавирус метавонад парамиксовирус пайдо шавад, ки барои тамоми инсоният таҳдиди марговар дорад, менависад РИА Новости бо истинод ба The Sun.
Ребекка Долланд, раиси кафедраи биохимияи молекулавӣ ва ҳуҷайравии Донишгоҳи Кентуккӣ, ҳушдор додааст, ки вирусе бо номи Нипаҳ комилан қодир аст, ки пандемияи нав эҷод кунад.
"Коронавирус ҳеҷ куҷо намеравад": Мясников роҳи пирӯзӣ ба COVID-19-ро нишон дод
Ӯ мегӯяд, миқёси онро на бо миқёси COVID-19, балки бо миқёси Марги Сиёҳ (ин номи пандемияи дуввуми вабо дап таърих аст, ки муддати тӯлонӣ давом кард ва ҷони даҳҳо миллион нафарро рабуд) муқоиса кард.
Меъёри фавт аз Нипаҳ аз 45% то 75% -ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, кифавт аз коронавирус ба маротиб камтар буд. Илова бар ин,Датч қайд кард, ки Нипаҳ метавонад мутатсия кунад ва зараровартар шавад.
Донишманди дигар доктор Мелани Севиля низ дар тасдиқи суханони ҳамкасби худ қайд кард, ки ҷаҳон бояд ба пандемияи "хеле калон" омодагӣ гирад.
Ҳамзамон, нависандаи экологӣ ва коршиноси бемориҳои тавассути ҳайвонот гузаранда Ҷон Видал фалокатеро дар миқёси Марги Сиёҳ пешгӯӣ карда буд.
Пешгӯии Билл Гейтс: ҷаҳонро пандемияи нав фаро мегирад
Видал ишора кард, ки вируси марговар метавонад тавассути интиқолдиҳандаҳои асимптоматикӣ ҳамагӣ дар чанд ҳафта паҳн шавад.
Дар ҳақиқат мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Нипаҳ метавонад дар баъзе одамони сироятёфта бидуни аломат зуҳур кунад, вале барои нафарони дигар он метавонад марговар бошад. Гузашта аз ин, дар рӯйхати СҶБ вируси Нипаҳ ҳамчун яке аз вирусҳои хатарнок барои инсоният қайд карда шудааст.
СҶБ: Аврупоро мавҷи сеюми коронавирус дар аввали соли 2021 таҳдид мекунад
Беморӣ метавонад бо нишонаҳои маризии зуком ба мисли тасф, дарди сар ва дарди мушакҳо, қайкунӣ ва дарди гулӯ сар шавад. Пас аз он метавонад чарх задани сар, хоболудӣ, тағир ёфтани шуур ва аломатҳои неврологиро нишон медиҳанд. Нипаҳ инчунин метавонад боиси SARS ва мушкилоти шадиди роҳи нафас, аз ҷумла норасоии шадиди нафаскашӣ гардад.
Олимон давраи инкубатсионии ин бемориро аз 4 то 45 рӯз пешгӯи мекунанд.
Ҳоло бошад, суръати паҳншавии маризии коронавирус дар ҷаҳон то андозае суст шудааст ва қисмати зиёди давлатҳо тавонистанд ин пандемияро паси сар кунанд.
 Аз ҷумла, Тоҷикистон ҳоло ба қатори он кишварҳо шомил мешавад, ки пандемия дар он ҷо хотима ёфтааст. Беш аз як моҳ моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди сироятшавӣ ба ин вирус сабт нагардидааст.