Муҳаррики Boeing 777, ки аз Денвер ба Гонолулу парвоз мекард, дар ҳаво оташ гирифт.
Дар дохили ҳавопаймо 241 нафар мусофир буд. Яке аз мусофирон оташ гирифтани муҳаррикро ба навор гирифт.
Тибқи иттилои Fox News, ҳавопаймо ба сабаби аташ гирифтани муҳаррик дубора ба фурудгоҳ баргашт.
Муҳаррики оташгирифта на танҳо ба мусофирон, балки барои одамоне, ки дар замин буданд хатар дошт. Яке аз ҷузъи муҳими ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз минтақаи аҳолинишини Амрико оташ гирифт.
Ба гуфтаи як сокини маҳаллӣ, ҳангоми сайругашт дар боғ вай дар осмон як садои баландро шунид ва сипас пораҳои муҳаррики ҳавопаймо ба замин рехтанд. Ҳама сокинон зуд аз боғ кӯчонида шуданд.
Шикастпораҳо дар минтақаҳои Нортмур ва Ред Лифти Брумфилд, наздики маркази Денвер афтоданд. Шӯрои миллии оид ба амният дар нақлиёт ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.
Маълум аст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Мақомот аз сокинон хостааст, ки дар бораи пайдо намуани пораҳои муҳаррики Boeing 777 хабар диҳанд.