ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё тақвими марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022-ро дар моҳи марти соли ҷорӣ эълон кард. Аксари бозиҳо ба моҳи июн гузаронида шудаанд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии Чемпионати ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи “F” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25 март баргузор мешавад.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.
Илова ба бозии Тоҷикистон — Муғулистон, боз се бозии дигари мусобиқаи интихобии ЧҶ — 2022 дар Осиё моҳи март баргузор мешаванд — Арабистони Саудӣ — Яман (25 март, Риёз), Непал — Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Япония (30 март, Чиба, Ҷопон).
Бояд таъкид намуд, ки ки моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Япония (7 июн) ва Мянма (15 июн) бозӣ мекунад.