Аҳмадзода ба сафир ва роҳбарияти корхонаи “Днепроэнергостал”-и Украина чӣ пешниҳод кард?

Раиси вилояти Суғд ба сафир ва роҳбарияти корхонаи “Днепроэнергостал”-и Украина пешниҳод кардааст, ки дар самти коркарди меваю сабзавот, пахта, асал, канданиҳои фоиданок, гиёҳҳои табиӣ бо ширкатҳои вилоят корхонаҳои муштарак ташкил намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Украина дар и Тоҷикистон Василий Серватюк ва роҳбарияти корхонаи “Днепроэнергостал”-и Украинаро масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Тоҷикистон бо Украина парвозҳоро барқарор карданист
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот роҳбари вилоят ба ҷониби Украина доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имконияҳои мавҷудаи он пурра маълумот дод.
Аҳмадзода қайд кардааст, ки ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркарди меваю сабзавот, пахта, асал, канданиҳои фоиданок, гиёҳҳои табиӣ ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монанд. ​
Ҷониби Украина зимни мулоқот таъкид доштанд, ки барои густариши робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо вилояти Суғд ҳамкориҳоро ​ тақвият хоҳанд бахшид. ​
“Дар ин замина корхонаи “Днепроэнергостал” бо як қатор корхонаҳои вилоят робита барқарор намуда, ​ ҷиҳати мубодилаи молу маҳсулот гуфтушунидро ба роҳ мондааст”, зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақшаҳои минбаъда ба анҷом расид.