ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба иттилои Исматзода, соли 2020 нисбат ба соли пеш таъмини замини киштшаванда ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ беҳтар гардида бошад ҳам, баъзе мушкилот ҷой доштанд.
“Бинобар таъмири роҳи байналмилалии Душанбе - Бохтар ва баста шудани оби канали Кӯктош моҳҳои август-сентябр замини деҳоти “Лоҳур” аз об маҳрум монда, зироати кишти такрорӣ пурра хушк гардид”, - хабар додааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Исматзода.
Ӯ афзудааст, ки инчунин, бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Роҳатӣ ҷорӣ нагардидани об, 350 гектар замини корами деҳоти “Гулистон” бе об монд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои раиси ноҳия қисми даромади буҷаи маҳаллӣ низ соли гузашта иҷро нашудааст. Аз ҷумл қисми даромади буҷети маҳаллӣ соли гузашта 92 фоиз иҷро гардида, аз нақшаи пешбинишуда 16 миллиону 340 ҳазор сомонӣ кам арзёбӣ шудааст.
Аммо ҳаҷми маҷмӯи умумии маҳсулот ба 1 миллиарду 171 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 3,8 фоиз афзоиш ёфтаст. Ба иттилои раис, дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот, ҳиссаи бахши саноат 38,1 фоиз, кишоварзӣ - 60 ва дигар соҳаҳо 1,9 фоизро ташкил додааст.