ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи "Фараж", Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус ахиран зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, ки дар соли 2020-ум прокуратураи вилояти Хатлон 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бекор кард.
Вай афзуд, аз ин шумор 69 –тоаш қарори худи ӯ будааст.
Раиси ноҳияи Шаҳритус таъкид дошт, ки 15 дарсади қарорҳои бекоршуда дар вилояти Хатлон қарорҳои худи ӯ будааст.
“Боқии қарорҳои бекоршуда аз соли 2015-ум то инҷониб, ки собиқ раисони ноҳия имзо карданд, ба ҳисоб мераванд”, — илова кард раиси ноҳия.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ додааст, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.