ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Ба шаҳрвандони Русия наздик ба 70 ҳазор рубли русӣ пардохт карда мешавад. Чунин як фармонро Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба имзо расонд.
Гуфта шудааст, ки кормандони соҳаи буҷет метавонанд барои дарёфти ин маблағ ба идораи дахлдор муроҷиат кунанд.
Тибқи фармони Путин, маблағҳои ҷудошуда ба пизишкони ҳарбӣ, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Росгвардия, кормандони хадамоти оташнишонӣ ва мақомоти интизомӣ дода мешавад.
Қайд шудааст, ки ба шаҳрвандони Русия, ки ҳангоми расонидани кумак ба беморон, гирифтори коронавирус шуданд, 68 811 рубл дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, кормандони соҳаи тиббе, ки бо беморони COVID-19 алоқа доштаанд ё бемореро ба бемористон интиқол додаанд, метавонад ба гирифтани ин маблағ даъво кунанд. Инчунин агар санҷиши пизишкон барои сироятёфтанашон ба коронавирус тасдиқ наёфта бошад ҳам пулашро мегиранд.
Барои пардохти маблағ боз як шарти дигар мавҷуд аст. Кормандони идораву ташкилотҳо, ки ҳангоми бемориашон аз кор озод шуда дар хона табобат мегирифтанд, низ пул мегиранд.
Чанде пеш, Шӯрои Федератсия Русия дар бораи афзоиши пардохт ба дорандагони нафақаи суғурта хабар дод. Ба гуфтаи сенатор Елена Бибикова, иловапулӣ аз 1 апрели соли равон оғоз меёбад.