ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Таҳлилгарон тағйироти ҷиддӣ дар бозори асъорро бинобар болоравии нархи нафт қайд карданд. Нархи "тиллои сиёҳ" ба нуқтаи баландтаринаш дар зарфи 13 моҳи охир расидааст.
Одатан, пас аз нафт, қурби рубл ба болоравӣ оғоз мекунад, аммо дар моҳи феврал чунин нашуд. Коршиносон ин падидаро ба ҷаззобияти пасти рубл марбут медонанд. Ба гуфтаи Анна Зайтсева, таҳлилгари гуруҳи “Финам”, тақвияти пули Русия қисман бо механизми қоидаҳои буҷет вобаста аст. Вай қайд кард, ки пас аз болоравии нархи нафт, Вазорати молия ба хариди асъори хориҷӣ оғоз кардааст.
Андрей Кочетков, таҳлилгари маркази “Откритие Resеarch”, дар мусоҳиба бо LIFE таъкид кард, ки ҳангоми ба назар гирифтани нишондоди ӯҳдадориҳои қарзи миёнамӯҳлат, рубл + 1,1-1,2% -ро нишон медиҳад. Аммо ин барои пӯшонидани ноустувории эҳтимолии қурбӣ кифоя нест.
Ғайр аз ин, устворшавии рублро хавфҳои ҷорӣ кардани таҳримоти нави Ғарб ва бад шудани муносибатҳои Русия бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо халалдор мекунад.
Артем Тузов, мудири иҷроияи департаменти бозору сармояи ширкати "Универ Капитал" чунин мешуморад, ки моҳи март қурби рубл аз вазъи бозори нафт, мувозинати талабот ва пешниҳод вобаста аст. Мисли пештара, ба асъор эмгузарониҳои оммавӣ, раванди пандемия ва суръати барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд.
Кочетков мегӯяд, ки дар моҳи аввали баҳор, қурби рубл метавонад то 70-72 барои як доллар тақвият ёбад ё ба ҳудуди 75-77 баргардад. Ба гуфтаи ӯ, набояд суст шудани қурби пулро интизор шуд.
Дар маҷмӯъ, дурнамои рубл дар соли 2021 мусбат боқӣ мемонад. Таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки ҷаззобияти сармоягузории он аз ҳисоби коҳиши нишондоди таваррум афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, қурби рубл метавонад то 5-7% тақвият ёбад.
Дар навбати худ Тузов гуфт, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ барои пули русӣ тағйироти ҷиддие ба амал наомадааст. Ба гуфтаи вай, рубл дар муқобили доллар дар ҳудуди 75-79 ва дар муқобили евро дар сатҳи 89-91 рубл боқӣ хоҳад монд.
Таҳлилгари калони Forex Optimum, Александр Розман қайд кард, ки дар моҳи март коҳиши қурби рубл метавонад суръат гирад, дар ҳоле ки доллар то 83-89 рубл ва евро то 95-96 рубл боло хоҳад рафт.
Дар маҷмӯъ, коршиносон тағйирёбии долларро дар доираи васеъ қайд мекунанд. Пас, қурби он метавонад барои як доллар 72-76,5 рубл ва барои як евро 88-92 рубл бошад.