ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Ҳудӯди 40 ғурфаи муд ва либос бо риояти протоколҳои беҳдоштии махсуси бемории Ковид - 19 дар даҳумин ҷашнвораи байналмилалии муд ва либоси Фаҷр, тавлидоти эронӣ- исломии худро ба намоиш гузоштанд, иттилоъ додааст сомонаи “Эронпресс”.
Бино бар иттилои манбаъ, даҳумин Ҷашнвораи байналмилалии муд ва либоси Фаҷр ба муддати панҷ рӯз аз 16 то 20 феврали 2021 дар маҷмӯъаи бурҷи Озодии Теҳрон баргузор шуд.
Ҷашнвораи байналмилалии муд ва либоси Фаҷр бузургтарин рӯйдоди тахассусӣ дар арсаи муд ва либоси Эрон аст, ки ҳар сол ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар бахшҳои мухталиф баргузор мешавад.