ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи шикояти зане боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар мард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
“Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори “Саховат” нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловари 43-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
“Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст”,- мегӯяд манбаъ.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.