ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ахиран раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт нақша-чорабиниҳои Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони "Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!" ташкил шуда, давоми 7 рӯз аз 17 то 23 феврали соли равон дар қисмҳои ҳарбию низомии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Гуфта шудааст, ки Фестивал бо намоиши дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дар саҳни Гвардияи миллӣ оғоз ёфт.
Умедҷон Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар рафти кушодашавии Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт гуфт, мақсад аз ташкил ва баргузории ин маҳфили фарҳангӣ, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон мебошад.
“Ба ин васила баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ ва ошно шудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ мебошад”, - гуфт муовини шаҳрдор.
Гуфта шудааст, ки фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштии миллӣ ва варзиши сабук ташкил медиҳад. Даври ниҳоии фестивал бо барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи "Суруди сарбоз" бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб анҷом мешавад.
Қисмати ниҳоии фестивал 22 феврал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардида, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо диплом, медал ва ҷом сарфароз мешаванд.