ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 барои Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода анҷом ёфт. Ҳар ду варзишгар аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд ва аз идомаи мубориза бурданд, маҳрум шуданд.
Нахуст Акмал Муродов, ки Тоҷикистон дар вазни 81 кг намояндагӣ мекард, рӯи татами баромад ва дар даври аввали ин мусобиқа, намояндаи Олмон - Александр Вечерзак бо усули "Иппон" ӯро шикаст дод.
Александр Вечерзак 29-сол дошта, дар рейтинги IJF дар вазни 81кг бо касби 1831 хол дар зинаи 33-юм қарор дорад. Акмал Муродов бошад, бо доштани 842 имтиёз дар ҷои 55-ум мавқеъ касб намудааст.
Пас аз Акмал, Беҳрӯз Хоҷазода ба майдон баромад, аммо муҳорибаи ӯ низ нобарор анҷомид. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг дар нахустин рақобати хеш бо намояндаи Ӯзбекистон Ҷалолиддин Бойназаров, ки дар рейтингӣ IJF умуман вуҷуд надорад, рақобат кард.
Гуфта мешавад, имрӯз Сомон Маҳмадбеков низ майдондорӣ мекунад.
Дар умум бошад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки ду нафари онҳо аз рақобат канор монданд ва муборизаи 4 варзишгари дигар идома меёбад.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam" дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон панҷ ҳазор доллар, барои ҷои дуюм се ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.