ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Хӯҷа Каримов дар баробари даст доштан дар 20 ҳолати куштор, ҳамчунин дар таҷовуз ба номус низ муттаҳам дониста мешавад.
Раҳимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бар иловаи 20 ҷинояте, ки Хӯҷа - Командир дар содир кардани онҳо муттаҳам дониста мешавад, ҳамчунин дар дасти онҳо санҷишҳое мавҷуданд, ки ҷиноятҳои дигари ин нафарро бозгӯ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, боздоштшуда дар чанд ҳолати нав, аз ҷумла таҷовуз ба номус, гаравгонгирӣ ва куштор муттаҳам шуда, ин маводҳо низ барои барраси ба прокуратура ирсол хощанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримовро ниҳоӣ намуда, ба додгоҳ ирсол кард.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".
Парвандаи Хӯҷа Каримов ё "Хӯҷа-Командир" ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.
Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.