ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни 73 кило Тоҷикистонро дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam – 2021" намояндагӣ мекунад, ба даври сеюм роҳ ёфт, хабар медиҳад Ховар.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадбеков бо ҳарифаш аз Лаҳистон Стодолски Адам рақобат карда, ӯро бо бартарии "Иппон" мағлуб намуд ва ба даври сеюм роҳ ёфт.
Қаблан ду варзишгари тоҷик Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза бурдан, маҳрум шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур шаш варзишгари маъруфи тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов иштирок мекунанд, ки ду аввал бинобар шикаст хӯрдан, аз мусобиқа канор монданд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ Устопириён бо Юто Виллар-Галаррето, Темур Раҳимов бо Ерасл Кажибаев (Қазоқистон) ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итах (Исроил) байни ҳам рақобат мекунанд
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam" дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.