ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Давлатов мегӯяд, дар баъзе мақомоти давлатӣ барои ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.
Ба иттилои мудири Ожонси хизмати давлатӣ, шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ то 1 январи соли равон 19 ҳазору 210 нафарро ташкил дод.
“Аз ин теъдоди занҳо 4 ҳазору 485 ё 23,3 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 9095 нафар ё 47,3 фоиз мебошад. Синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад”, - навиштааст “Ховар” аз қавли Давлатов.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки аз 5 ҳазоур 718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоизи онро занони роҳбар ташкил менамоянд. Теъдоди умумии занон нисбат ба 1 январи соли гузашта 78 нафар ва занони роҳбар 51 нафар зиёд арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои Ожонси хизмати давлатии назди раисиҷумҳур, аз 9 ҳазору 95 нафар ҷавонони то 35-солаи хизмати давлатӣ 1 ҳазору 441 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда қарор доранд.
Дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд, таъкид намудасст Ҷумъа Давлатов, аммо аз ниҳодҳои мушаххас ном набурд.