ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон ҳукми Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ-ро, ки охирҳои моҳи январ ба 14 сол равонаи зиндон шуд, шарҳ додаву онро асоснок хондааст.
Тавре манбаъ менависад, додситонӣ дар робита ба изҳороти Паймони Миллим Тоҷикистон- иттиҳоди мухолифини тоҷик вобаста ба ҳукми зиндонии Маҳмурод Одинаевро парвандаи ӯро такроран мавриди омӯзиш қарор додааст.
"Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 январи соли 2021 Одинаев М. бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои “б, в”, 307 қисми 2 банди “г” КҶ ва писараш Ризоев Ҳабибулло бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар шарҳи додситонӣ.
Манбаъ меафзояд, ба Одинаев ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар самти ҳуқуқшиносӣ ба муҳлати 5 сол тиаъин карда шудааст.
Ба Ризоев бошад ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 58 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Одинаев М. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки ӯ 29 октябри соли 2020 бо ҳамроҳии ҳамсараш Ризоева М. ва писараш Ризоев Ҳ. ба комиссариата ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуда, бо баҳонаи он, ки писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ беасос ба хизмати ҳарбӣ даъват намудаанд, дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро даталона вайрон намудаанд.
Онҳо нисбати кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст.
Ғайр аз ин, Одинаев М. ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон худро дар шабакаи интернетии иҷтимоии “Фейсбук” ба қайд гирифта, 16 ноябри соли 2020 дар саҳифаи интернетии худ аксҳои намояндагони ҲНИТ, гурӯҳи 24 ва Паймони миллим Тоҷикистонро ҷой додааст.
"Ҳамчунин дар муроҷиатҳои иғвоангези худ оиди сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст", - тавзеҳ медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.