ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба таври маҷози бо Сардор Умурзоқов, муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод.
Ба нақл аз пойгоҳи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон зимни мулоқот тарафҳо ба рушди ҳамкориҳо миёни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ карданд.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот амалисозии лоиҳаҳо дар бахши ҷорисозии низомҳои худкори назорат ва баҳисобгирии неруи барқ, инчунин идоракунии фосилавии таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи беруна дар иншооти саноатии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои дигари ояндадор арзёбӣ шуд.
Тарафҳо барои рушди ҳамкории муштарак оид ба беҳбуд намудани шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.
Зикр шуд, ки ин иқдом ба иҷрои вазифаи гузошташуда дар мавриди то ба 1 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши савдо байни кишварҳо дар ояндаи наздик имкон фароҳам меорад.
Мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар фурсати наздик корҳоро оид ба таъсиси утоқҳои миллии савдо ва дигар иншооти соҳавии ин самт дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба охир мерасонанд.