ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ба ҷойи ноҳияи нав ҳудудҳои навоҳии Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур васеътар карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир марҳалаи гузариши 7 ҳазору 659 гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ ба тавозуни шаҳри Душанбе идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, ҳудуди муқарраршуда дар якҷоягӣ бо шаҳракҳо ва иншооташон ба ин ноҳияҳо мегузарад, аммо таъсиси ноҳияи нав дар миён нест.
Ӯ гуфт, тасмим доранд, ки ин масъаларо дар иҷлосияи моҳи марти Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва ё дар иҷлосияи шашмоҳа ҳал намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақшаи генералӣ, аҳолии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар ва баъдан то ба 2 миллион нафар хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, ки фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи муқаррар намудани ҳудуди нави шаҳр тобистони гузашта тасдиқ кард, ки бар асоси он Душанбе 7 ҳазору 66 гектар васеъ карда мешавад.