Қурбонзода гуфт, писарҳоро қабл аз хонадор кардан, бояд ба зиндагӣ омода кард

Омода набудани мард ба ҳаёти мустақилона дар Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии пош хӯрдани оилаи навбунёд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси кумитаи занон имрӯз дар нишасти хабарӣ аз муроҷиати як зан ба кумита мисол оварда гуфт, волидон набояд бар он кӯшанд, ки писари худро ҳарчӣ зудтар хонадор кунанд, балки нахуст ӯро бояд ба зиндагии мустақил омода созанд.
Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар шарҳи муроҷиати як сокини Душанбе гуфт, "зан хонаи шахсӣ надорад ва илова бар ин писараш камтар мушкили равонӣ дорад".
Бо изҳори он зан, ҳамаи ҳамсояҳо ва наздикон ба ӯ маслиҳат додаанд, ки ҳарчи зудтар фарзандашро хонадор кунанд ва он гоҳ  бемории ӯ рафъ мешавад.
Аммо Қурбонзода мегӯяд, ингуна муносибати саҳлангории волидон муҷиби пош хӯрдани оилаҳои навбунёд мешавад.
Ӯ бар ин назар аст, ки фарзандро нахуст ба манзили зист бояд таъмин кард. Илова бар ин, мард бояд соҳибмаълумот ва дорои шуғле бошад, ки тавонад зану фарзанди худро таъмин кунад.
Дар Душанбе тарҳи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021" баррасӣ шуд
Раиси Кумитаи занон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо маҳз мушкилиҳои хонаводагӣ аз қабили набуди манзили зист ва надоштани ҷойи кор, омилҳои асосии аз ҳам ҷудо шудани хонаводаҳо мегарданд.