Ҳукумат рутбаҳои саргурд, сарҳанг, таҳамтану сипаҳсолорро қабул накард?

Қонуни Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ қабул шуд, аммо дар бораи қабули рутбаҳои низомии тоҷикӣ, амсоли радабон, дастабон, сардаста, силаҳбон ва ғайра зикре нашуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Раҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи истилоҳҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, ба гуруҳи корӣ, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ машғул буд, гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбиро пешниҳод кард.
Сухани охирро Ҳукумат мегӯяд, на вазорат: Ҷайҳонӣ дар бораи тоҷикӣ кардани рутбаҳои русӣ
Зулфониён зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  истилоҳоти низомӣ, ба хусус рутбаҳо ва воҳидҳою ягонҳои низомӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд. Ӯ аз пешниҳоди ин тағйирот ба гуруҳе гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро таҳия мекунад ва афзуд, ин масъала дар Ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ аст.
Қаблан гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буд.  
Дар мавриди ҳайати афсарӣ, лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Вазорати дифои Тоҷикистон ин пешниҳодро ба далоили молӣ рад кардааст.
Парлумони Тоҷикистон низ соли равон тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки он ба ивази пул хизмати ҳарбӣ дар ҳайати нерӯҳои захиравиро иҷозат медиҳад. Аммо дар мавриди гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарӣ дар қонуни қабулшуда чизе гуфта нашудааст.