ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба иттилои Сафаров, аз 7,5 ҳазор донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 300 нафарашон узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар намудҳои гуногуни варзиш мебошанд.
Дар баробари ин ректор афзуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов имсол ҷашн дорад.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки имсол 50- солагии донишкада таҷлил мешавад. Ба иттилои нашрияи “Садои мардум”, омодагии роҳбарияти Донишкада ба ин сана ҷиддӣ буда, конфронси байналмилалӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ва якчанд чорабинии дигари сатҳи ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтаанд.
“Толори нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, аз ҷумла, чор синфхонаи компютерӣ барои духтарон, дар назар аст. Илова бар ин, китоби мусаввар таҳти унвони “Боргоҳи азамати варзиши миллат” нашр мегардад”, - афзуд манбаъ.
Ба иттилои Сафаров, феълан дар донишкада 16 кафедра мавҷуд буда, 302 омӯзгор ба 7587 донишҷӯ дарс мегӯянд.
Сатҳи азхудкунии дониш аз ҷониби муҳассилин дар кафедраҳои тахассусӣ 88 фоиз ва дар кафедраҳои гуманитарӣ 82 фоиз арзёбӣ мешавад.