ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар ҳоле, ки ҳама фикри он ҳастанд, ки кай талабот ба нафт, ки бар асари пандемия коҳиш ёфта буд барқарор мешаваду, то кай нархҳои баланд боқӣ мемонанд, коршиносони яке аз бузургтарин бонкҳои сармоягузори ҷаҳон, JP Morgan Chase, эълон намуданд, ки дар бозорҳои фурӯши нафт давраи супер болоравии нафт оғоз ёфт – ин болоравӣ бори панҷум дар сад соли охир будааст.
Барқарории ноустувор
Дар соли 2020, саноати истихроҷи нафт якчанд мавҷи коҳишёбиро паси сар кард. Ба ин раванд чанд омил таъсир расонд. Яке аз омили муҳими таъсиррасон ин аз ҳад зиёд истеҳсол намудани нафт ва ба шадат коҳиш ёфтани талабот ба он мебошад. Ҳамчунин ба ин раванд пандемия ва маҳдудиятҳо низ дар бархе кишварҳо таъсир расонидааст. Дар моҳи март нархи нафт бештар аз ду баробар поин рафт. Аммо бо вуҷуди ин, дар охири фасли тирамоҳ, бозори нафт як такони ҷиддиро ҳис кард - хабари озмоишҳои муваффақи ваксинаҳои ғарбӣ, натиҷаи интихоботи президентии Амрико.
Ҷо Байден ҷонибдори технологияҳои сабз аст ва ба фарқ аз Доналд Трамп, намехоҳад ширкатҳои нафтии Амрикоро дастгирӣ кунад. Алакай то моҳи январ,арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт. Болоравии нархи нафт дар пасманзари қарорҳои навбатии ОПЕК+ дар бораи маҳдуд кардани истеҳсолот сурат гирифт. Дар натиҷа, ҳоло як арзиши як бушка нафт ба 63 доллар расид.
Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки бозори нафт барқарор мешавад ва шароити рушди минбаъда, низ пеш аз ҳама, аз ҳисоби эҳёи талабот дар кишварҳои Осиё, ки онҳо барои гузаштан ба энергияи сабз шитоб намекунанд, ба вуҷуд омада истодааст.
Аммо як моҳ пеш, пешгӯиҳо бинобар вазъи ноустувор чандон хушбин набуданд. Ҳамин тариқ, Агентии байналмилалии рейтингии Fitch хабар додааст, ки тағироти мусбатро дар ин соҳа танҳо метавон пас аз эмгузаронии сартосарӣ интизор шуд. Таҳлилгарон таъкид карданд ҳатто дар ҳамин ҳолат низ беҳбудиҳо дар сатҳи мӯътадил хоҳанд буд.
Доираи панҷум
Аммо тавре, ки дар аввали моҳи феврал мутахассисони бонки бузурги сармоягузори JP Morgan Chase эълом доштанд, дар бозори нафт даври нави афзоиш аллакай оғоз ёфт. Онҳо ба нишонаҳои зерин ишора мекунанд: болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, металлҳо ва аз 50 доллар боло рафтани як бушка нафт.
Дар ҳамин ҳол, Bloomberg эълон доштааст, ки нафт "роҳи боэътимоди раҳоӣ аз қаъри пандемияро нишон медиҳад, зеро ҳаҷми изофаи нафт дар тамоми ҷаҳон коҳиш меёбад".
Тамоюли устувор
Тамоюли болоравии дарозмуҳлати арзиш дар бозори нафт эҳтимол дорад, зеро маҷалаи Wall Street ба зуд барқароршавӣ иқтисод баъд аз пандемия боварӣ дорад.
Болоравии арзиши нафт дар бозорҳоро на танҳо JP Morgan Chase, балки дигар муассисаҳои молиявӣ, ба монанди Goldman Sachs Group, Bank of America, Ospraie Management интизоранд. Далелҳо монанд ҳастанд - барномаҳои васеи ҳавасмандгардонӣ барои дастгирии иқтисод ва ваксинаҳои оммавӣ.
Аз ҷумла, Goldman Sachs дар семоҳаи чорум арзиши як бушка нафти Brent-ро 65 доллар тахмин мезанад.
Бонки дигари амрикоӣ Bank of America арзиши як бушка нафтро ҳудуди 60 доллар пешбинӣ кардааст.
ОПЕК ва Агентии Байналмилалии Энергетика (IEA) низ пешгӯӣ карданд, ки дар нимаи дуюми сол талабот нисбат ба истеҳсолот зудтар афзоиш меёбад ва ин раванд "захираҳои" нафти зиёдро, ки аз аввали пандемия ҷамъ шудаанд, кам мекунад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони Citigroup барои як бушка нафти навъӣ Brent 70 доллар ва барои WTI 68 доллар тахмин мезананд. Коҳиши истеҳсолот аз ҷониби Арабистони Саудӣ ба кам кардани захираҳои рекордӣ кумак хоҳад кард.