ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Шариф Раҳимзода, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ хеле кам пайвандӣ дорад ва маҳз ҳамин пайвастагию вобастагии камтар оқибати пандемияи коронавирусро барои Тоҷикистон то буҳрони ҷиддӣ нарасонд.
Вай афзудааст, ки ҳамчунин тадбирҳои ҳукумат оид ба дастгирии мардум ва субъектҳои хоҷагидорӣ андешидашуда, имкон дод, ки таъсири манфии коронавирус коҳиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,5 дарсад таъмин шавад.
Шариф Раҳимзода, зикр кард, ки бечунучаро, пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Лекин на ба он дараҷае, ки иддае аз коршиносони ғафлатзада ҳангома мекарданд.
“Агар ёдатон бошад, баробари сабти аввалин ҳолати гирифторшавӣ дар Тоҷикистон, садоҳое баланд шуданд, ки бинобар заифии низоми тандурустӣ, имконияти маҳдуди профилактиву табобатӣ ва техникӣ садҳо ҳазор мубталои вируси нав ва даҳҳо ҳазор қурбон мешаванд”, - қайд кард Раҳимзода.
Вай илова кард, ки коршиносон метарсонданд, ки иқтисоди миллӣ ба чунин зарба тоб нахоҳад овард ва бо исрор мегуфтанд, ки Ҳукумат барои пешгирӣ аз ин беморӣ бояд, ҳатман, карантини саросарӣ ҷорӣ созад.
Вале ба гуфтаи Раҳимзода ҷамъбасти соли ниҳоят вазнини 2020 бебунёдии тарсафканиҳо ва пешгӯиҳои муғризонаро нишон дод.
“Ҳангоме ки соли гузашта дар аксари давлатҳои дунё истеҳсолот ҷиддан коҳиш ёфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5 дарсад афзуд. Бояд таъкид кард, ки дар чунин вазъияти мураккаб на танҳо уфти иқтисоди миллӣ пешгирӣ шуд, балки бо суръати нисбатан камтар ҳам бошад, пешрафти он таъмин гардид”, - гуфт собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон.
Собиқ вазири иқтисод ва раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби соҳаҳои бунёдӣ – саноат ва кишоварзӣ ба даст омад.