Имлои нав аллакай дар Ҳукумат: аз номи нави ҳарфҳо то баҳси "ы", "ц", "ь", "щ"

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Муҳаммадҷонзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Қоидаҳои нави имло барои тасдиқ ба Ҳукумат ироа гардидаанд.
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз итоат накардани Ожонсиҳои рекламавӣ ба Ҳукумат
Ӯ афзуд, ки қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд, ки баъди тасдиқ тафсилоташон ироаи омма мегарданд.
“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем.  Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошт раиси Кумитаи забон.
Ба иттилои ӯ, аз мушкилоти дигар ин навиштани калимаю ҳарфҳои иқтибосие мебошанд, ки дар қоидаҳои ҷадид тарзи дурусти навишти онҳо пешниҳод гардид.
Аз ҷумла калимаҳои иқтибосие, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" – ро доранд. Ин ҳарфҳо қаблан дар алифбои тоҷикӣ буданд, аммо соли 1998 гирифта шуданд.
Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо нишон дода шудааст, аммо онҳо баргардонда намешаванд.
“Вақте қоидаҳои имло мегӯем, сухан дар бораи 35 ҳарфи забон мегӯем. Яке аз бобҳои имлоро ба калимаҳои иқтибосӣ бахшидем, ба тарзи навишти ҳарфҳое, ки дар алифбои мо нестанд”, - изҳор дошт Муҳаммадҷонзода.
Пешниҳод ба Ҳукумат: Раҳмон баҳсҳоро нолозим, имлоро нофаҳмо ва грамматикаро куҳна хонд
Ӯ таъкид намуд, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти дурусти калимаҳое ба монанди “Щербакову Цветков” мушаххас нишон дода хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки тафсилоти имлои нав баъди тасдиқаш бо баргузории як ҳамоиш пурра тавзеҳ дода хоҳад шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ихтилофу духӯрагиҳои қоидаҳои имлои забон гуфт, ки боиси баҳсу мунозираҳои нолозим мешаванд.
“Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст”, - таъкид намуда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Таҳияи қоидаҳои нави имло дар пайи ин дастури Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, интизор меравад, рӯзҳои наздик тасдиқ гардад.