Дар Душанбе сохтмони Маркази нави идораи ҳолатҳои буҳронии КҲФ оғоз ёфт

Дар Душанбе, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони бинои Маркази миллии идоракунии бӯҳронҳо оғоз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон лоиҳаи мазкур 5 августи соли 2017 ба имзо расида, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Гуфта шудааст, ки бинои махзкур сеошёна хоҳад буд. Бинои нав дорои як толори фаврӣ бо ҷойҳои кории автоматикунонидашуда барои мутахассисони навбатдор, инчунин таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои саривақтии вазифаҳо хоҳад буд.
Проект нового антикризисного центра КЧС в Душанбе
“Ғайр аз ин, Марказ бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда мешавад ва он барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани идораи зиддибӯҳрон, қобилияти арзёбии хавфҳои пайдошаванда ва вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард”, - зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бино то моҳи феврали соли 2022 сохта ва ба истифода дода шавад.