ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tel Aviv Grand Slam, ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив - баргузор мешавад, Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин мусобиқа иштироки 437 варзишгар (254 мард ва 183 зан) аз 63 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.