ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон масъалаи додани мақоми махсусро ба вилояти Бодканд баррасӣ мекунад, хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли нахуствазири ин кишвар Улуғбек Маъруфов.
Ба иттилои сарвазир, роҳбари нави вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев таъйин шудааст, ки дар байни мардум бо номи "Комиссар Каттани" маъруф аст.
"Умедворем, ки ӯ вазифаҳоро ба дӯшаш гузошташударо хуб иҷро хоҳад кард. Дар минтақаи Бодканд қисматҳои аломатгузоринашудаи марзӣ мавҷуданд, вазъ мураккаб аст. Масъалаи додани мақоми махсус ба ин минтақа баррасӣ мешавад", - навиштааст Маъруфов дар сафҳаи худ дар Фейсбук.
Сарвазири Қирғизистон инчунин гуфт, ки мақомоти ҷумҳурӣ барои кумак ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, ҳама чораро анҷом хоҳанд кард. Ба гуфтаи Маъруфов, раиси нави минтақа пешниҳодҳои нав омода мекунад ва рӯзҳои наздик ба ҳукумат ин масъаларо ироа месозад.
Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки рӯзи дуввум боз дар пеши бинои ҳукумат гирдиҳамоӣ баргузор мешавад, ки ширкаткунандагони он ҳалли мушкилоти марзӣ дар Бодканд, дар қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистонро тақозо мекунанд.